Ҳунармандони тоҷик дар фестивали «Орзу»-и Лондон бо ҷоиза ва медал сарфароз гардиданд

0
4 686 просмотров

Кормандони ҷавони Театри давлатии драмавӣ-мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом дар Фестивали кушоди осиёимиёнагии ҳунарии «Орзу», ки дар шаҳри Лондони шоҳигарии Британияи Кабир баргузор гардид, ширкат варзиданд.

Дар фестивали мазкур, ки аз 5 то 19-уми октябри соли равон дар ду давр-намоиши синамо ва намоиши театрӣ баргузор гардид, барои «Беҳтарин нақши мардона» саркоргардони театр Муҳиддини Музаффар дар иҷрои нақши «Шоҳ Лир» ва ҳунарманди ҷавон Фарҳод Тӯхташев дар бахши «Беҳтарин нақши саҳнавӣ» дар иҷрои нақши «Ҳамлет» ба гирифтани ҷоиза ва диплом сазовор гардида, иштирокчии фахрии фестивал ҳисобида шуданд.

7777777777777777777777

Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли оянда ин ҳунармандон бо намоишномаҳои худ дар фестивали шаҳри Иденбурги давлати Шотландия ва моҳи октябр дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон ширкат меварзанд.

Манбаъ: khovar.tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дастаи Ювентус бе сармураббӣ монд

Бошгоҳи футболи “Ювентус” дар сомонааш аз тарк намудани сармураббӣ — Массимилиано Аллегри расман иттилоъ дод. Сабаби тарк намудани коршинос то ҳол аниқ нест. Фардо 18-уми ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: