Тоҷикон 75%-и зардолуи Боткандро мехаранд

0
3 764 просмотров

Зимни вохӯрӣ бо журналистон намояндаи ваколатдори ҳукумат дар вилояти Ботканд Жениш Раззоқов изҳор доштааст, ки 75%-и зардолуи ин вилояти Қирғизистонро тоҷикистониён барои коркарди минбаъда мехаранд.

Бино ба иттилои хабаргузории ИА 24.kg, номбурда гуфтааст, дар вилояти Ботканд дар як сол 20 ҳазор тонна ҳосили зардолу ба даст оварда шуда, вале бинобар сабаби дар сатҳи рушди кофӣ қарор надоштани саноати коркард дар ин соҳа, қисмати зиёди он дар шакли ашёи хом ба хориҷи кишвар бароварда мешавад.

зардолу 4

«Мутаассифона, мо соҳибкороне надорем, ки миқдори зиёди коркарди хушкмеваро мунтазам ба роҳ монанд», — иброз доштааст ӯ.

Ба қавли ӯ, ҳукумати вилоят бо дастгирии ЮСАИД барои ду соҳибкор аз Туркия таҷҳизоти шустушӯ, навъбандӣ ва ҷобаҷокунии хушкмеваро харидорӣ намуда, вале онҳо имрӯз барои роҳандозии фаъолият ва рушди он, воситаҳои гардиш надоштаанд ва аз ин рӯ, ҳаҷми коркарди маҳслоти онҳо аз 5 тонна зиёдтар нест.

«Супермаркетҳои Русия ба харидории маҳсулоти мо омодаанд, вале ба онҳо давоми тамоми сол 100 тонна ҳар моҳ маҳсулот пешниҳод кардан зарур аст. Як соҳибкор аз уҳдаи иҷрои ин кор намебарояд, зеро ба онҳо воситаҳои гардиш намерасад», — гуфтааст ӯ.

зардолу 2

Номбурда ҳамчунин зикр кардааст, ки онҳо бо тоҷирони рус ҷиҳати дар маҳалҳо коркард шудани хушкмева тавофуқ ҳосил кардаанд, то ки он ба бозорҳои Русия равона гардад.

Манбаъ:http://news.tj/tj/news/ikon-75-i-zardolui-botkandro-mekharand

Нет комментариев

Также рекомендуем

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба раёсати Тоҷикистон  дар Созмони ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: