Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam-2024» оид ба ҷудо 9 варзишгар муаррифӣ менамояд

0
646 просмотров

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam-2024» оид ба гӯштини ҷудо  иштирок менамояд. Мусобиқа аз 22  то 24  март  бо иштироки 428 ҷудочӣ аз 75  давлати  ҷаҳон баргузор мегардад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9  варзишгар, аз ҷумла Аҳлия Муъминова  дар вазни то 52кг, Муҳаммадсолеҳ Қувватов  ва  Ҳақдод Гулов,  ҳарду  дар вазни то   60кг, Обид Ҷебов  дар вазни  то 66кг, Абубакр Шеров  дар вазни то 73кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то  81кг, Комроншоҳи Устопириён  дар вазни  то  90кг  ва  Ҷаҳонгир Маҷидов  ва Абубакри Акобир,  ҳарду дар вазни то  100кг муаррифӣ менамояд.

Манбаъ:  АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Прилетел самолет с сотней кашляющих пассажиров

Самолет авиакомпании Emirates, который прилетел в Нью-Йорк из Дубая, поместили в карантин после того, как выяснилось, что часть пассажиров больны, сообщает ABC News. Самолет, на борту которого находились 521 пассажир, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: