Тоҷикистон ва Корея баргузории барномаҳои муштаракро дар соли оянда баррасӣ намуданд

0
5 243 просмотров

Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ 13 декабр Кордори навтаъйини Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ли Вучёлро ба ҳузур пазируфт.

«Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои иҷрои минбаъдаи тавофуқоте, ки то ин замон миёни кишварҳои мо ба тасвиб расидаанд, ҳамчунин баргузор намудани барномаҳои муштарак дар соли оянда ҷиҳати тавсеа ва таҳкими робитаҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуданд», — хабар доданд аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Низомиддин Зоҳидӣ Ли Вучёлро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ҷиҳати пешбурди фаъолияти дипломатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.

Манабаъ: khovar.tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

ХИТРОСТИ ЕСТЕСТВЕННОГО УВЕЛИЧЕНИЯ ГУБ

Независимо от того, вдохновились ли вы популярностью пышных губ или же просто хотите добавить немного объема своим губам, приведенные ниже хитрости помогут вам достичь желаемого ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: