Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳкими муколамаи сиёсиро таъкид намуданд

0
656 просмотров

Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллерро ба ҳузур пазируфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, бахусус таҳкими муколамаи сиёсӣ, рушди ҳамкории Тоҷикистон ва  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ, шарикии амниятӣ, инчунин пешбурди робитаҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» («С5+1») ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардид.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз 25.09.2017

Имрӯз, 25 сентябр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА    8.8100 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар ташкилоти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: