Тоҷикистон қаҳрамони «King’s Cup 2022» гардид!

0
980 просмотров

Футболбозони тоҷик зери роҳнамоии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт таърихи наверо дар саҳифаи футболи кишвар рақам заданд, ки дер боз аз хотираҳо зудуда намешавад.

Футболбозони тоҷик тавонистанд, ки дар аввалин иштирокашон дар 48-умин  мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup-2022»  масири қаҳрамониро сарбаландона тай кунанд ва соҳиби ҷому нишонҳои заррини мусобиқа гарданд.

Дар бозии ниҳоӣ мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Малайзия рақобат кард. Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт. Дар силсилазарбаҳои пеналти футболбозони мо маҳорати баланд нишон дода, бо ҳисоби 3:0 пирӯзӣ ба даст оварданд. Дарвозабони мо Рустам Ятимов ду пеналтиро баргардонд.

48-умин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022»

Финал

Малайзия – ТОҶИКИСТОН – 0:0. Аз рӯйи силсилаи пеналти – 0:3

Беҳтарин бозигари бозӣ: Рустам Ятимов (Тоҷикистон).

 

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

СМИ сообщили о готовящихся санкциях Германии против России

Правительство Германии может ввести экономические ограничения в отношении РФ из-за позиции Москвы по Сирии. Об этом в среду, 5 октября, сообщает газета The Wall Street Journal со ссылкой на источник, знакомый с ходом обсуждений. По сведениям ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: