Супоридани нусхаи Эътимодномаи Сафири Тоҷикистон дар Украина

0
2 977 просмотров

Дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Украина Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Файзулло Холбобоев нусхаи Эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷии Украина Елена Зеркал супорид.
Пас аз маросими супоридани нусхаи Эътимоднома мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Украина Е. Зеркал бо Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина баргузор гардид, ки дар ҷараёни он масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба миёни ду кишвар, таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкории минбаъда дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисод, савдо,  фарҳангу маориф ва зарурати ривоҷи бештари онҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар навбати худ Сафири Тоҷикистон дар Украина зимни суҳбат оид ба дастовардҳо ва пешрафти иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир ибрози ақида намуда, ҳамзамон аз ҳамкорӣ бо Украина дар бахшҳои муҳими иқтисоди ҷумҳурӣ ибрози миннатдорӣ намуд.
Ҳамчунин дар мулоқот ҷонибҳо доир ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳамкорӣ ва масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн суҳбат карданд.

Дар ин бора khovar.tj  хабар медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Яд паука поможет остановить гибель нервных клеток

Чтобы передавать сигналы друг другу, наши нейроны чаще всего используют специальные вещества – нейромедиаторы. Когда электрический импульс подходит к месту межнейронного контакта (синапсу), передающий нейрон ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: