«Субҳи Ватан» 1,5 миллион қуттии шартӣ консерва истеҳсол мекунад

0
2 588 просмотров

Корхонаи консервабарории «Субҳи Ватан» дар шаҳри Исфара ба коркарди меваи мавсими имсолаи боғот шурӯъ намуд.

Роҳбарияти корхона тасмим гирифтааст, ки соли ҷорӣ якуним миллион қуттии шартӣ ва беш аз 30 номгуи консерваҳои мевагию сабзавотиро истеҳсол намоянд.

Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии корхона аз таъмири хушсифат бароварда шудаанду зарфу сарпӯшҳо ба миқдори зарурӣ захира гардидаанд. Барои харидории ашёи хом бо хоҷагиҳои боғпарварӣ ва сабзавоткории шаҳр ва навоҳии мухталифи вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ аҳдномаҳо ба имзо расидаанду барои содироти маҳсулот ба кишварҳои Русия ва Қазоқистон низ заминаҳои устувор гузошта шудаанд.

Дар ин бора Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин

Дирӯз дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ дар шаҳри Сочи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: