Суғд: нақшаи пахтачинӣ беш аз 81% иҷро гардид

0
5 862 просмотров

То  санаи 11 октябри соли равон дар ҳафт навоҳии пахтакори вилояти Суғд  83 ҳазору 181 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 81,73%-и дурнамо баробар аст.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд хабар доданд,  пешсафони маъракаи чиниши пахта дар вилоят -кишоварзони ноҳияҳои Зафаробод то имрӯз чиниши пахтаро 95,91%, н. Ҷ. Расулов   94,87%  ва ноҳияи Спитамен  88,41%  ичро намудаанд.
Ҳамчунин то имрӯз беш аз 60 фоизи хочагиҳои деҳконӣ низ аз ичрои дурнамо хабар доданд.

Бояд гуфт, ки имсол пахтакорони  вилоят дар майдони 44 ҳазору 170 гектар пахта кишт намуда, азм доранд то охири маъракаи пахтачинӣ  101 ҳазору   770    тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намоянд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Жизнь Максима Фадеева непредсказуема!

Российский музыкальный продюсер, аранжировщик, исполнитель и автор песен, композитор, режиссер видеоклипов. Максим Фадеев родился весной 1968 года в уральском городе Кургане, в семье композитора, Заслуженного деятеля ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: