Соли равон дар вилояти Суғд 25 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд

0
648 просмотров

Дар шашмоҳаи  якуми соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 25 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд.

Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, аз 25 иншооти варзишӣ 7-тои он толори варзишӣ, 1 ҳавзи шиноварӣ, 1 маҷмааи варзишӣ ва 16 майдончаи варзишӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорон сохта мавриди истифода қарор дода шудааст.

Мувофиқи маълумоти оморӣ,  дар вилоят 2 ҳазору 905 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудааст. Аз ин 49 варзишгоҳ, 2008 майдончаи варзишӣ, 640 толори варзишӣ, 40 ҳавзи шиноварӣ, 8 маҷмааи варзишӣ ва 160 иншооти махсуси варзишӣ,  аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ мебошанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

CУТ дар бораи давоми як шабонарӯз ба қайд гирифтани беш аз 205 ҳазор ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус хабар дод

Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), ки 21 июл нашр шудааст, давоми як шабонарӯзи охир шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон беш ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: