Соли 2050 аҳолии Замин ба 9,8 миллиард нафар мерасад

0
10 900 просмотров

Соли 2050 аҳолии сайёраи Замин ба 9,8 миллиард баробар мешавад. Ин нукта дар гузориши тозаи Созмони милали муттаҳид (СММ) оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъкид шудааст.

Дар гузориш ҳамчунин гуфта мешавад, ки соли 2100 аҳолии Замин то ба 11,2 миллиард хоҳад расид. Алҳол ин рақам 7,6 миллиард нафарро ташкил медиҳад.

Мутахассисони СММ гуфтаанд, афзоиши аҳолӣ асосан аз ҳисоби 47 кишвари камтар тавсеаёфта сурат мегирад.

Ба иттилои гузориш, ҳоло дар ин кишварҳо ҳудуди миллиард нафар зиндагӣ мекунад ва соли 2050 теъдоди онҳо ба 1,9 миллиард мерасад. Ба пешгӯии мутахассисон ояндаи наздик Ҳиндустон аз рӯи шумори аҳолӣ аз Чин пеш мегузарад. Онҳо мегӯянд, ин кор соли 2024 вақте иттифоқ меафтад, ки аҳолии Ҳиндустон 1,4 миллиард нафарро ташкил медиҳад.

Манбаъ: http://www.ozodagon.com/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Бразилия и Бельгия на пути к титулу

Наследники ацтеков – народ суеверный. Который чемпионат мира в Мексике только и разговоров, что о «проклятии пятого матча» – другими словами, невозможности преодолеть стадию 1/8 ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: