Solarbike: дучархаи гибридӣ бо батареяҳои офтобӣ

1
4 232 просмотров

Дучарха бешубҳа як намуди воситаи нақлиётиест, ки камхарҷ аст, аммо педалгардонии доимӣ касро хаста мегардонад. Аз ин рӯ, “дучархаи оянда”-и Solarbike, муҳаррики электрикӣ дошта, он аз батареяҳои офтобӣ нерӯ мегирад.

Батареяҳо дар чархҳои дучарха насб карда шудаанд, аккумулятор бошад дар чорчӯбаи он ҷойгир шудааст. Кофист, ки нақлиёти худро дар офтоб то якчанд соат нигоҳ дошт, баъд аз он метавон бо як нерӯгирӣ  то 80 километрро тай намуд. Агар батарея нохост нишаста монад, ҳамеша метавонед мисли пештара педалҳоро босуръат давр занонед.

Дучарха дар пойтахти Копенгагени Дания тарҳрезӣ шудааст. Агар офтоби шимолӣ барои сайёҳати комил басандагӣ кунад, пас, масалан дар Сочи ба чунин дучарха ниёз доранд.

Solar Bike, Denmark from Portal Tiroz on Vimeo.

Solarbike метавонад бо суръати 25 километр дар як соат, аз ронанда давр занонидани педалҳоро талаб накарда ҳаракат кунад. Якҷоя бо талошҳои одам, дучарха метавонад то 50 километр дар як соат ва ё аз ин ҳам зиёдтар ҳаракат кунад. Дар бораи воридшавии гадҷет ба бозор, то ҳоло хабаре вуҷуд надорад.

Сарчашма: Engadget

1 comment

Опубликовать новый комментарий

Также рекомендуем

Шиносоии Раиси вилоят бо корҳои барқарорсозии Боғи фарҳангию фароғатии «Темурмалик»

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Соли нав ба шаҳри Гулистон ташриф оварда, бо корҳои барқарорсозии Боғи фарҳангию фароғатии «Темурмалик» шинос гардид. Корҳои барқарорсозии ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: