Сокини ноҳияи Ғончӣ умри дубора ёфт

0
4 202 просмотров

Дар соҳаи тибби вилоят рӯйдоди муҳими ба вуқӯъ пайваст. Нахустин маротиба дар беморхонаи клиникавии № 1-и маркази вилоят ба сокини ноҳияи Ғончӣ Фурқат Мансуров амалиёти ҷарроҳии  пайваст  намудани гурдаи модараш бомуваффаққият гузаронида шуд. Давоми як ҳафта мешавад номбурда дар шӯъбаи эҳё табобат гирифта, назар ба маълумоти табибон дар рӯзҳои наздик  ба назди пайвандони худ бармегардад. Дирӯз муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода барои хабаргирии Фурқат Мансуров ба бемористон рафтанд. Масъулини Беморхонаи № 1-и шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, ки ҷарроҳии мазкур давоми 6 соат аз ҷониби табибони  Маркази пайваст намудани узвҳо ва бофтаҳои шаҳри Душанбе иҷро гардид ва нахустин амалиёти пайваст намудани гурдаи инсон бомуваффақият гузашт. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии Раиси вилоят иттилоъ доданд.

Нет комментариев

Также рекомендуем

«Одноклассники» видео-табрикотҳоро дар асоси нейрошабака фаъол намуд.

Шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» хизматрасонии «Лаҳзаҳо» (Моменты)-ро бо истифодаи интеллекти сунъи ва нейрошабака фаъол намуд. Барои ҳар як истифодабаранда шабакаи иҷтимои видео-табрикоти шахси омода мекунад, хабар ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: