Шумораи гирифторони коронавирус ба 128 нафар расид

0
2 113 просмотров

Ба ҳолати субҳи 4 май шумораи гирифторони намуди нави коронавируси COVID-19 128 нафарро ташкил дода, аз миёни онҳо 2 нафар фавтидаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки то 2 май дар Тоҷикистон 32 ҳодисаи тасдиқшудаи бемории сироятии коронавирус, аз ҷумла 17 ҳодиса дар шаҳри Душанбе, 5 ҳодиса дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 10 ҳодиса дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шуд.

Ёдовар мешавем, ки 30 апрел 15 ҳодисаи нахустини бемории сироятии коронавируси CОVID-19 дар Тоҷикистон, аз ҷумла 10 ҳодиса дар вилояти Суғд ва 5 ҳодиса дар шаҳри Душанбе расман тасдиқ гардид.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Смена лидера

Россия пропустила Казахстан вперед по ВВП на душу населения На минувшей неделе стало известно, что Казахстан по итогам этого года обойдет Россию по ВВП на душу населения. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: