Шоми бебарори футболи тоҷик дар Ҷоми КФО-2019

0
2 325 просмотров

Имрӯз, 15-уми май дар доираи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 дар Минтақаи марказӣ бошгоҳҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” бозии чоруми хешро баргузор намуданд. Рақобати дастаҳои “Хуҷанд” ва “Алтин Асир” дар шаҳри Ашқобод сурат гирифта, бо ҳисоби минималии 1:0 ба суди мизбонон хатм шуд. Дар вохӯрии дигари гурӯҳи “Д” бошгоҳҳои “Дордой” ва “Истиқлол” майдондорӣ намуданд. Дар ин дидор футболбозони “Истиқлол” бо ҳисоби 2:1 дучори шикаст шуданд. Ҳамин тавр ҳарду дастаи ватанӣ дар бозии чоруми гурӯҳи “Д” шикаст хурда, аз се имтиёзӣ маҳрум шуданд. Новобаста аз ин бохт “Истиқлол” бо касби 7 имтиёз садрнишини ҷадвали гурӯҳи “Д” боқӣ монд. Дар зинаи дуюм бошад, “Алтин Асир” бо доштани 6 хол мавқеъ касб намудааст. “Хуҷанд” ва “Дордой” бо 4 холӣ дар зинаҳои сеюм ва чорум қарор доранд. Дар даври навбатӣ дастаи “Истиқло” ба меҳмонии “Хуҷанд” сафар мекунад. “Алтин Асир” бошад, бо тими “Дордой” рӯ ба рӯ мешавад.

Ҷоми КФО-2019

Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D». Бозии 4-ум

«Дордой» (Қирғизстон) — «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) — 2:1

Голҳо: Алишер Ҷалилов, 29 (0:1). Ваҳит Оразсахедов, 57 (1:1). Мирлан Мурзаев, 77 (2:1).

«Алтин Асир» (Туркманистон) — «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) — 1:0

Гол: Мурат Якшиев, 22.

 

Манбаъ: Варзиш-тв

Нет комментариев

Также рекомендуем

Жители Индии владеют 25.000 тонн золота

По данным Всемирного совета по золоту (World Gold Council), домохозяйства Индии владеют от 24.000 до 25.000 тонн золота. Стоимость этого объёма по текущим ценам составляет ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: