Ширкатҳои чинии «Макао Бридж Текнолоджи Лимитед» ва «Алибаба» дар Тоҷикистон намояндагӣ ифтитоҳ менамоянд

0
1 061 просмотров

Ҷалби сармояи чинӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон, ба мисли логистика ва нақлиёт, кишоварзӣ, фарҳанг, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои калидӣ дар мулоқоти роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои «Макао Бридж Текнолоджи Лимитед»- бахши ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, ширкати «Алибаба» ва дигар ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ба намояндагони ширкатҳои чинӣ доир ба фазо ва имконоти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, имтиёзҳои сармоягузорӣ, гумрукӣ ва андозӣ маълумот пешниҳод намуд.

Намояндагони ширкатҳои чинӣ ҳавасмандии худро ҷиҳати ифтитоҳи намояндагиҳояшон дар Тоҷикистон изҳор доштанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Экономия бензина, несколько советов

Бензин, как известно, нынче дорог, поэтому умение его экономить становится одним из самых востребованных навыков опытного водителя. Следующие маленькие хитрости помогут вам овладеть таким полезным ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: