Шаш паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи Russian judo tour иштирок менамояд

0
628 просмотров

21-22 декабр дар Федератсияи Русия мусобиқаи Russian judo tour баргузор мешавад, ки дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш паҳлавон иштирок мекунад. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» муовини Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков хабар дод.

Дар мусобиқа паҳлавонони тоҷик: Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60кг, Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66кг, Муҳиддин Асадуллоев ва Муҳаммадин Лоиқов дар вазни то 73 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Кароматулло Ҳакимов дар вазни то 100 кг рақобат менамоянд.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Каме дар бораи хоббинӣ

Маълум аст, ки дар давраҳои Рими Қадим хоббинии подшоҳ дар сенат (мақомоти олии идораи давлатӣ) муҳокима карда мешуд. Хоби подшоҳро он дар замон нишони хабардиҳии ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: