Шаҳром Самиев бо «Андиҷон» барандаи Ҷоми Ӯзбекистон гардид

0
448 просмотров

Ҳамлагари тими миллии Тоҷикистон Шаҳром Самиев дар ҳайати бошгоҳи футболи «Андиҷон» барандаи Ҷоми Ӯзбекистон-2024 шуд.

«Андиҷон» дар бозии ниҳоии Ҷоми Ӯзбекистон бар тими «Навбаҳор»-и Намангон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Шаҳром Самиев дар дақиқаи 65-уми бозӣ ба майдон баромад.

Бошгоҳи «Андиҷон»-и Самиев барандаи Ҷоми Ӯзбекистон шуда, ҳаққи ширкат дар даври гурӯҳии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26-ро соҳиб гардид.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Нақши Конститутсия дар рушди давлати демократӣ ва таҳкими арзишҳои инсонӣ

Яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи таъмини рушди усту­вору бома­ро­ми аксари давлат­ҳои ҷаҳон дар шароити муосир — ин амалишавии кафолати консти­­­тут­сио­на­лизм тавассути таъ­ми­ни волоияти меъёрҳои Конститутсия ба ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: