Ш. Мирзиёев ба деҳқонони номвар мошин тӯҳфа кард

0
3 167 просмотров

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон аз «Боғи Сомон», “Ҳоҷӣ Неъмат” ва “Ватан” боздид карданд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти токпарварони номдору собиқадори хоҷагиҳои мазкур ва шароити корашон шинос шуданд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Узбекистон иттилоъ додааст, ки Ш. Мирзиёев дар хоҷагии “Боғи Сомон” ба роҳбари хоҷагӣ – Камол Мадумаров, деҳқони узбактабори маъруфи Тоҷикистон мошини “Captiva”-и тавлиди Узбекистон туҳфа кард.

“Камол Мадумаров, писари деҳқон аз ноҳияи Алтиариқи Узбекистон мебошад, ки касби падарро пеша карда, дар Тоҷикистон соҳиби нуфуз гардидааст”, — иттилоъ додааст манбаъ.

Мирзиёев инчунин зимни боздид аз хоҷагии “Ватан” ба роҳбари он – Неъмат Усмонов мошини узбакистонии “Captiva” тақдим намудааст.

«Боғи Сомон» яке аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарвари мамлакат ба шумор рафта, соли 2017 беш аз 5 ҳазор тонна маҳсулот ҷамъоварӣ намудааст. Ангурбоғи хоҷагӣ, ки дар маҷмӯъ 500 гектарро ташкил медиҳад.

Манбаъ афзуд, ки хоҷагии деҳқонии “Ватан” ду хоҷагии оилавиро муттаҳид карда, соли 2008-ум таъсис ёфтааст. Хоҷагӣ дар ихтиёри худ 25 гектар замин дорад, ки аз он 16,4 гектарашро токзор дар бар мегирад.

Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» бошад, дар майдони 105 гектар замин доман паҳн намудааст ва 95,6 гектари онро токзори замонавӣ ташкил медиҳад.

Манбаъ: Спутники Тоҷикистон

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ирсоли 70-нусха китоби Эмомалӣ Раҳмон «Уфуқҳои Истиқлол» ба Хатлон

Китоби раисиҷумҳури Тоҷкистон, «Уфуқҳои Истиқлол» барои сиёсатшиносону муаррихон, муҳаққиқону коршиносони масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, байналмиллалӣ, рӯзноманигорон пешбинӣ гардидааст. Aз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба воситаи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: