Савгандёдкунии сарбозони шуҷои Ватан дар вилоят

0
2 449 просмотров

Як қатор наваскарони ҷавон, ки ба тозагӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд, баҳри ҳимояи марзу буми мамлакат, ҳифзи манфиатҳои давлат, садоқат ба халқу Ватан ва Президенти кишвар дар ҳузури собиқадорон, афсарон ва волидону пайвандон савганд ёд намуданд.

Зимни сухани табрикотӣ муовини командири дивизияи гарнизони Суғд подполковник Парвиз Бойзода оид ба дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуда, аз шароитҳои мусоиди хизмат дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ёдовар гардид. Номбурда ба наваскарон бурдбориву муваффақият ва хизмати хубу бобарорро таманно намуд.

Ардашер Шарипов, ки ҳамчун фарзанди хизматчии давлатӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар муҳити мутантан савганди ҳарбиро ёд намуд, мисли дигар ҷавонон хушҳол аз он аст, ки дар яке аз қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Бӯстон адои хизмат намуда, рисолати ҷавонмардии хешро дар назди халқу Ватан сарбаландона адо менамояд.

Акмал Файзиев, ки орзуи ба бар намудани либози низомӣ ва ҳифзи марзу буми кишвари маҳбубро аз хурдӣ дар қалби хеш мепарварид, зимни суҳбат баён намуд, ки то лаҳзаҳои охир ба савганди садоқати хеш содиқ монда, ба Ватан-Модар софдилона хизмат менамояд.

Бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ чорабинӣ ҳусни хотима ёфт.

Манбаъ:Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд

3 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи Нишасти сеюми Муколамаи Ҳамкории Осиё таҳти унвони “Дипломатияи варзишӣ” бо ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: