Сардиҳои баъдисолинавӣ: ҳушдори КҲФ аз бориши шадиди барф

0
3 628 просмотров

Бо истифода аз ҳар имкон гармии муътадилро дар хонаҳои худ нигоҳ доред. Дар роҳҳо хеле ботаваҷҷуҳ ва эҳтиёткор бошед.
Ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сардшавии ҳаво хабар медиҳад. Ҳамин тавр тибқи гузориши обуҳавошиносии Тоҷикистон аз 2-ум то 4-уми январи соли 2017 дар сар то сари мамлакат ҳаво сард мешавад. Ҳушдори КҲФ аз бориши борон, барфи тар ва фаромадани туман Манбаъ мегӯяд,ки дар ин рӯзҳо борони табдилёбанда ба барф меборад ва имкони яхбандиҳои шадид дар роҳҳои кӯҳӣ вуҷуд дорад. Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд ва чораҳои амниятиро риоя намоянд. «Ҳангоми гарм кардани хонаҳо хоҳишмандем қоидаҳои бехатарии зидди сӯхторро риоя намоед, шабакаи интиқоли барқро бо фурӯзон кардани таҷҳизотҳои зиёди барқӣ гаронбор накунед. Бо истифода аз ҳар имкон гармии муътадилро дар хонаҳои худ нигоҳ доред»,-тавсия медиҳад КҲФ.  Аз  ронандагон даъват мешавад, то дар роҳҳо эҳтиёткор буда,  қоидаҳои ҳаракат ва суръати ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя намоянд.

Манбаъ: http://sputnik-tj.com/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Согдийских воспитательниц будет представлять…

В зале образовательного учреждения «Школа для одарённых детей города Худжанда» состоялся финальный тур областного этапа профессионального конкурса «Воспитатель  года» в 2018 году, на котором были ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: