Санҷиши «Опера», «Хабера» ва «Эҳсон» дар Суғд

0
2 963 просмотров

Санҷиши назоратии амалиёти фаврӣ-пешгирикунӣ ва амалиёти махсуси «Нелегал-2016» дар якҷоягӣ бо намояндагони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ва Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар миқёси шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузаронида шуд.
Дар ҷараёни  амалиёт як зумра нуқтаҳои шабонарӯзии дилхушӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,  ба монанди «Опера», «Хабера» ва меҳмонхонаи «Эҳсон» мавриди санҷиш қарор гирифтанд. Зимни санҷиш аз ҷониби гурӯҳи муштарак ду ҳолати аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ вайрон кардани қоидаҳои будубош ва машғул шудан ба фаъолияти меҳнатии ғайриқонунӣ ошкор гардида, нисбат ба  онҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.

Источник: http://khovar.tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Душанбе дурнамои густариши ҳамкории тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд

Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар бахши иқтисоду тиҷорат тақвият медиҳанд. Ин нукта зимни мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: