Сафари намояндагони илму фарҳанг ба Ӯзбекистон

0
4 087 просмотров

Дар доираи таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди илмию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва сафари давлатии  қарибулвуқӯи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 1-уми август ҳайати беш аз панҷоҳ нафараи фарҳангиёни тоҷик  таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кард.

Хабарнигори АМИТ «Ховар», ки дар ин ҳайат шомил аст, иттилоъ медиҳад, ки  аҳли илму зиёи тоҷик дар доираи сафарашон ба Ӯзбекистон, ки то 4 август идома меёбад, аз шаҳрҳои қадимаю бостонии Ӯзбекистон, назири Самарқанд боздид намуда, бо аҳли зиё ва фарҳанги ин кишвари дӯст ва ҳамсоя вохӯрию мулоқот анҷом медиҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҳайати баландпояи аҳли зиё ва фарҳанги Тоҷикистон, ҳамзамон раисони Кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Дастгоҳи  иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар майдони Таймс Сквери Ню-Йорк бахшида ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон навори ҷашнӣ пахш мегардад

 8-9 сентябри соли 2024 ба муносибати 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Ню-Йорк (Амрико) — майдони Таймс Сквер (1560 Broadway, New York, NY ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: