Сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия

0
6 227 просмотров

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар кард.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

 Манбаъ: khovar.tj

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Озмуни ҷумҳуриявии «Ворисони Ҷомӣ»

Аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳавасмандгардонии ин қишри ҷомеа озмуни ҷумҳуриявии ровиёни ҷавон таҳти унвони «Ворисони Ҷомӣ» гузаронида шуд. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: