Сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон

0
4 684 просмотров

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гурӯҳи калони ҳайати расмӣ аз ҳисоби аъзои Ҳукумат, роҳбарони муассисаву идораҳои давлатӣ, раисони вилоятҳо, соҳибкорон ва аҳли ҳунару фарҳанг ҳамроҳӣ мекунанд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нет комментариев

Также рекомендуем

В Таджикистане продолжается жара

Эта неделя в Таджикистане будет очень жаркой. Температура воздуха в дневные часы по долинным районам Хатлонской области повысится до 45 градусов, по районам республиканского подчинения ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: