Рамос наздик аст, ки ба “Севиля” баргардад

0
1 056 просмотров

Собиқ ҳимоятгари дастаҳои “Реал Мадрид” ва “ПСЖ” — Серхио Рамос наздик аст ба “Севиля” баргардад. Дар ин бора Cadena SER хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳоло гуфтушунидҳо хуб ҷараён доранд. Ҷонибҳо наздик аст, ки ба мувофиқа расанд.

Мушкилоти «Севиля» танҳо маоши бозигар аст. Ҳоло ин ягона мушкили аст, ки шояд садди ин гузариш гардад.

Худи Рамос ба бозӣ дар Лигаи Чемпионҳо манфиатдор аст. «Севиля» ҳарчанд дар Ла Лига ин мавсим муваффақ набуд, лек дар Лигаи Аврупо қаҳрамон шуд ва роҳхати Лигаи Чемпионҳоро ба даст овард.

Бояд қайд кард, ки Рамос фаъолияти худро дар бошгоҳи “Севиля” оғоз карда буд. Ӯ соли 2005 онро тарк карда, ба “Реал Мадрид” гузашта буд.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Диагностика туберкулеза

Чтобы качественно провести диагностику активного легочного туберкулеза, специалист в первую очередь изучает историю болезни пациента, проводит его физическое обследование. Диагностика туберкулеза предполагает тщательное изучение симптомов ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: