Ҳамасола 7 май ҳамчун Рӯзи радио ва кормандони тамоми соҳаҳои алоқа таҷлил карда мешавад. Рушди босуръати ҷаҳони муосирро бе пешрафти соҳаи алоқа тасаввур кардан ғайри имкон аст. Зеро, мавриди истифода қарор додани технологияҳои муосири техникӣ имрӯз имконият фароҳам овардааст, ки амалӣ намудани амалиётҳои иқтисодӣ, дастрас намудани маълумотҳои илмӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ аз тамоми нуқоти ҷаҳон дар фосилаи кӯтоҳтарини вақт имконпазир гардидааст.
Ҳамқадами замон ва узви ҷудонашавандаи шабакаи ҷаҳонии алоқа будан амри воқеъӣ ва талаботи замон мебошад.
Бояд қайд кард, ки кормандони соҳа дар чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ фаъолона ширкат варзида вазифаҳои ба зимма доштаашонро сарбаландона иҷро карда меоянд.
Кулли кормандони соҳаро ба ин Рӯзи саид табрику муборакбод мегӯем.
Помир — дар қатори 100 макони беҳтарини ҷаҳон
Баландкӯҳи Помир («Боми ҷаҳон») ба рейтинги ҷаҳонии «100 green destinations» — «100 самти устувори ҷаҳонӣ» (The Sustainable Destinations Top 100) шомил гардид. Дар ин бора ...


Нет комментариев