Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

0
1 136 просмотров

Санаи 24.07.2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба ӯ сиҳатмандиву саодат ва дар татбиқи нақшаҳои мавриди ҳадаф қароргирифтааш комёбиҳои рӯзафзун орзу намуданд. Дар ин зимн Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми бародари Узбекистон дар роҳи рушди устувор дастовардҳои навин хостанд.

Зимни суҳбат Президентҳо бо таъкиди аҳаммияти ба таври фаъол амалӣ гардонидани мувофиқаҳои дар чорчӯби сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон моҳи июни соли равон бадастомада масъалаҳои рӯзмарраи муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Узбекистонро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин, мавзӯъҳои амнияти минтақавӣ ва саммити дарпешистодаи Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Интересные факты о Тадж-Махале

Тадж-Махал— мавзолей-мечеть, находящийся в Агре, Индия, на берегу реки Ямуна. Время строительства относится примерно к 1630-1652 гг. Построен по приказу императора Великих Моголов Шах-Джахана в ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: