Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Императори Ҷопон Наруҳито мулоқот намуданд

0
251 просмотров

19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Императори Ҷопон муҳтарам Наруҳито мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон баррасӣ шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Император барои пазироии самимӣ ва ҳусни таваҷҷуҳ изҳори сипос намуданд.

Гуфта шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон имрӯз доираи васеи ҳамкориро дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо фаро мегиранд.

Дастгирии Ҷопон дар татбиқи лоиҳаҳои хурду миёнаи бахшҳои инфрасохтор, нақлиёт, энергетика, кишоварзию экологӣ, инчунин, омодасозии захираҳои инсонӣ, тандурустиву беҳдошт, таъкид гардид.

Оид ба дигар масъалаҳои ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманд табодули андеша сурат гирифт.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Душанбе консерти муштараки композиторон ва бастакорони Тоҷикистон ва Узбекистон доир мешавад

Интизор меравад, ки моҳи май дар шаҳри Душанбе консерти муштараки композиторон ва бастакорони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардад. Масъалаи мазкур дар мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: