Пирӯзии футболбозони наврас дар мусобиқаи байналмилалӣ

0
5 936 просмотров

Тими наврасони  Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (U15) таҳти роҳбарии сармураббиён Рустам Қурбонов ва Далер Қайсов дар  Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми раиси шаҳри Бишкек оид ба футбол ду вохӯриро бо пирӯзӣ анҷом доданд. 

Ба иттилои манбаъ, дар бозии аввал тими наврасони Академияи ФФТ  бо ҳисоби 3:0 дастаи наврасони вилояти Ҷӯйи Қирғизистонро шикаст доданд.

Дар вохӯрии дуюм наврасони тоҷик бо ҳисоби калони 6:0 бар дастаи футболи «Велвет»-и шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ғолиб омаданд.

Имрӯз, 4 апрел тими наврасони Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон бо наврасони дастаи мунтахаби то 15-солаи шаҳри Бишкек бозӣ мекунанд.

Манбаъ: Сомонаи расмии АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Что открыли президенты в 2015 году

2015 год был весьма продуктивным для стран Центральной Азии, несмотря на обесценивание национальных валют, кризис и другие нерешенные проблемы. «Открытая Азия онлайн» посчитала, сколько объектов в этом году ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: