Пас аз 9 сол дигабора “Милан” ба даври плей-оффи ЛЧ баромад

0
1 128 просмотров

Бошгоҳи  «Милан» дар бозии даври 6-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА дар майдони худ «Ред Булл Залтсбург»-ро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Сан-Сиро» (Ҷузеппе Меатсса) дар шаҳри  Милан баргузор шуд.

Дар дақиқаи 14-ум ҳамлагари мизбонон Оливйе Жиру ҳисобро боз кард, ки ба он Сандро Тоналӣ ирсоли головар анҷом дод. Дар дақиқаи 46-ум нимҳимоятгари босниягӣ Раде Крунич бартарии «Милан»-ро дуболо кард.  Пас аз 11 дақиқа дигарбора  Жиру ба задани гол даст ёфт.  Дар анҷоми вохӯрӣ ҳисоби ниҳоиро Жуниор Мессяс гузошт, ки ба ӯ Жиру ирсоли головар анҷом дод.

Дастаи Стефано Пиоли бо 10 имтиёз аз шаш бозӣ дар гурӯҳи «Е» дуввум шуд ва ба дар даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо роҳ ёфт.  “Ред Булл Залтсбург” бо 6 имтиёз дар зинаи севвум  ба даври плей-оффи Лигаи Аврупо рафт.

Ёдовар мешавем ,ки  «Милан» бори аввал дар 9 соли охир тавонист, ки  ба плей-оффи Лигаи чемпионҳо роҳ ёбад.  Охирон маротиба бошгоҳи шаҳри Милан дар мавсими  2013/14 ба даври плей-офф баромада  буд.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Мулоқот бо вакилони Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ

Дирӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ вакилони Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолиро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ бо Созмони Аҳдномаи Атлантикаи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: