«Пари Сен-Жермен» ҳашт бозигарро ба фурӯш гузоштааст

0
1 206 просмотров

«Пари Сен-Жермен» ҳашт бозигарро ба фурӯш гузоштааст, ки дар байни онҳо Неймари бразилӣ низ ҳаст, хабар медиҳад Marca.

Нархи Леандро Паредес таваҷҷуҳи “Манчестер Юнайтед”-ро боздошт. Ҳамин чиз бо ҳимоятгари марказии сенегалӣ Абду Диалло рӯй дод, бинобар ин, “Тоттенхэм” бозигари “Барселона” Клемен Ланглеро интихоб кард.

Ҷорҷинио Вейналдум ва аргентинӣ Мауро Икарди маоши баланд талаб доранд. Лейвин Курзава, Неймар, Юлиан Дракслер ва Андер Эррера низ дигар ба сармураббии нав Кристоф Галтие лозим нестанд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Икардии 29-сола ба нақшаҳои мавсими ояндаи ПСЖ шомил нест ва метавонад дар равзанаи интиқоли тобистона дастаро тарк кунад, аммо намехоҳад фаъолияти худро дар “Вулверхэмптон” идома диҳад, ки қаблан пешниҳодиҳ ҳамкорӣ  карда буд.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

2000 нафар ниёзмандон ба ғамхорӣ фаро гирифта шуданд

Бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактаб интернатҳо, мактаби ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: