Телевизиони вилояти Суғд 25-сола шуд. Пагоҳ дар Кохи фарҳангии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии маркази вилоят, ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии телевизион чорабинии тантанавӣ баргузор хоҳад гардид. Тавре маркази иттилооти дастгоҳи Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар ин чорабинӣ роҳбарияти вилоят, меҳмонон ва гурӯҳи васеи рӯзноманигорону қаламкашон ширкат хоҳанд варзид. Телевизиони вилояти Суғд 15 декабри соли 1990 таъсис ёфта, аз аввалин телевизионҳои вилоятӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ маҳсуб мешуд.
Аз соли 2007 инҷониб барномаҳои телевизиони вилоят ба пахши ҳаштсоата гузашта, сол аз сол сифати техникии пахш ва фарогирии он бомаром беҳтар мегардид. Ҳоло теъдоди тамошобини телевизиони вилоятӣ беш аз 1,5 млн нафарро ташкил медиҳад. Sugd.tj
Тоҷикистону Қирғизистон сабабҳои муноқиша дар марзро таҳқиқ мекунанд
Дар вохӯрии намояндагони мақомоти марзбонӣ ва прокуратураҳои ҳарбии Қирғизистону Тоҷикистон дар ноҳияи Ботканди кишвари ҳамсоя ҷонибҳо бобати аз ҷониби ҳар кадоме аз тарафҳо таҳқиқ кардани ...


Нет комментариев