Озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол — 2019” доир хоҳад шуд

0
2 403 просмотров

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон, ҳавасманд намудани донишҷӯёни болаёқат ва ба ин васила ҷалби онҳо ба донишандӯзию илмомӯзӣ моҳи декабри соли равон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол — 2019” баргузор карда мешавад.

Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 28 феврали соли 2019, № 93 ба тасвиб расид.

Дар озмуни мазкур донишҷӯёни курсҳои 2, 3 ва 4-и муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва донишҷӯёни курсҳои 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки бо баҳои аъло таҳсил менамоянд, метавонанд иштирок намоянд.

Ба ғолибони озмун аз 800 сомонӣ то 3 000 сомонӣ мукофотпулиҳо супорида мешавад.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Почему перед сном нельзя слушать музыку?

Большинство людей слушают музыку в течение дня и перед сном, чтобы расслабиться. Похоже, от последнего стоит отказаться, если вы не хотите иметь проблемы со сном. Однажды исследователь сна Майкл Скаллин из ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: