Озмуни “Мошинҳои ояндаи коинот” миёни хонандагон

0
3 425 просмотров

Дар мавзӯъи “Мошинҳои ояндаи коинот” дар Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣозмуни вилоятӣ бо иштироки  хонандагони 13 шаҳру ноҳияҳои вилоят доир  гардид.

Озмун тибқи низомнома аз рӯи 4 бахш — киштиҳои ояндаи кайҳонӣ, мошинаҳои моҳгард, сохтани аёниятҳои астрономӣ, парондани мушак гузаронида шуд.

Иштирокчиёни озмун пас аз ба намоиш гузоштани  нигораҳо  ва корҳои эҷодии худ дар ҳузури ҳайати ҳакамон ва муштариёни илми афлок онро ҳимоя намуда, ба саволҳои ҳайати ҳакамон ҷавоб доданд. Мусобиқа  аз рӯи бахши чорУм — мушакпарронӣ дар ҳузури  муштариён  дар  саҳни ҳавлии Планетария сурат гирифт.

Дар ҷамъбасти озмун бештар хонандагони матабҳои шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Истаравшан, Чкалов,  Хуҷанд,Спитамен, Ашт, Ғончӣ ғолибият ба даст оварданд. Ғолибони ҳамаи бахшҳо ва инчунин   иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ бо диплом, туҳфаҳои хотиравӣ, ифтихорномаҳо  қадр карда  шуданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Плов — король восточных блюд

Плов — блюдо восточной кухни, основу которого составляет варёный рис в исключительных случаях другая крупа или мелкие макаронные изделия. Отличительным свойством плова является его рассыпчатость, достигаемая соблюдением ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: