Ҷоми «Журналистони ҷавон – 2019» баргузор мешавад

0
2 183 просмотров

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони Ҷоми «Журналистони ҷавон – 2019» миёни кормандони Воситаҳои ахбори омма мусобиқаи футболи хурд баргузор менамояд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқа бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11 март таҷлил карда мешавад, сурат мегирад.

Аз ин лиҳоз муассисаву рӯзномаҳо ва ташкилотҳои иттилоотиву хабарнигорӣ метавонанд дар мусобиқа иштирок намоянд.

Муҳлати қабули дархостҳо то 18 феврали соли 2019 муқаррар гардидааст.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ҳушдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: яхбандӣ, тӯдашавии барф ва хатари фаромадани тарма дар роҳҳо

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибони мошинҳоро огоҳ мекунад, ки дар қитъаҳои роҳҳои мошингарди «Душанбе — Чанок», «Душанбе — Ваҳдат — Лахш», «Душанбе — Рашт», ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: