Олимон барои идораи хоб таҷҳизотеро коркард намуданд

0
2 844 просмотров

Сохти таҷҳизоти Dormio содда мебошад. Он аз санҷандаи таппиши дил ва сенсори машоҳидавии мушакҳо иборат мебошад.
Агар бо забони илмӣ сухан кунем, Dormio давомнокии гипнагогияро дароз мекунад. Ин ҳолате мебошад, ки инсон байни бедори ва хоб қарор дораду, метавонад хаёлҳои овозӣ ва биноиро эҳсос намояд.
Тавсири аввалини Dormio-ро дар ихтиёриён санҷиданд. Он аз даспӯши санҷандадор ва электроэнсефалограф иборат буд, ки ҳолати майнаи сарро сабт менамуд. Инчунин дар таҷриба роботе иштирок мекард, ки ҳангоми ба хоб рафтани иштирокчи калимаи калидиро мешунавонид.
Ихтиёриён дар ҳолати гипнагогӣ ба саволҳои робот ҷавоб мегуфтанд. Дар ҳоле, ки на ҳама ҷавобҳои худро дар хотир доранд, ҳамаашон намуди дар пешашон бударо дида тавонистанд. Ба гуфти олимон, ин собит мекунад, ки Dormio метавонад хоби кӯтоҳмуддатро идора кунад.

Манбаъ: https://hi-tech.mail.ru/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз 07.12.2017

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 7декабр  қурби расмии асъори хориҷиро  бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ  чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8205 сомонӣ, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: