Ғолибияти хонандагони Хуҷанд дар Амрико

0
3 260 просмотров

Ду нафар нафар муҳассилини литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд бо раҳнамоии роҳбарашон аз сафари Амрико бо ғолибият баргаштанд.

Хонандагони синфи 10-и литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд Мирзоамир Рафиев ва Акмал Ахмедов дар олимпиадаи байналмилалӣ ки дар шаҳри Нью-Йорк баргузор гардид, лоиҳаи худро аз фанни технологияи иттилоотӣ бо забони англисӣ ҳифз намуда, сазовори ҷойи 2-юм гардиданд.

alt

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ин олимпиада аз 72 давлати дунё, аз ҷумла 35 штатҳои Амрико, 2500 нафар хонандагон иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар соли хониши 2017-2018 дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 64 медал гардидааст.

Манбаъ: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Маълумотҳои ҷолиб аз ҳар гӯша

Нонхӯракҳо қисми зиёди ҳаёташонро бе ҳаракат мегузаронанд, яъне истироҳат мекунанд. Маълумотҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки одам дар давоми умраш ба ҳисоби миёна 100 ҳазор километр ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: