Оғози сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Русия

0
404 просмотров

16 март сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия бо ворид шуданашон ба шаҳри Москва оғоз ёфт.

Маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи Внуково-2-и шаҳри Москва баргузор гардид.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ пазироӣ карданд.

Барои истиқболи шоиста майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфта, Ротаи қаровули фахрии гарнизони ҳарбии Москва ва оркестри низомии асбобҳои нафасӣ саф ороста буд.

Баъди гузориши Фармондеҳи Ротаи қаровули фахрӣ ба меҳмони олиқадр сурудҳои миллии ду давлат навохта шуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузаштани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз назди ротаи фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Федератсияи Русия ва гузашти тантанавии қаровули фахрӣ аз назди меҳмони олимақом ба поён расид.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Ҷамоати деҳоти Куҳандиёри шаҳри Конибодом 29 техника барои мавсими нави кишт омодаи кор аст

Дар Ҷамоати деҳоти Куҳандиёри шаҳри Конибодом шудгори заминҳо идома дошта, масъулини соҳаи кишоварзӣ ба мавсими нави кишт омодагӣ мебинанд. Дар Куҳандиёр 1922 гектар замини корам ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: