Оғози сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд

0
5 625 просмотров

23 марти соли 2016 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд сокинони вилоят бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.
Ҳадафҳои асосӣ аз ин сафари корӣ иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ, шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, иштирок дар маросими ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, гузоштани санги асос барои сохтмони дигар иншоот ва мулоқот бо сокинону фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мебошад.

Манбаъ:http://khovar.tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Имрӯз ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД дар шакли ҳузурӣ баргузор мегардад

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода (Раиси Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ) ҷаласаи Кумитаи котибони ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: