Оғози боҳашаматтарин паради ҳарбӣ ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ

0
6 617 просмотров

Ин лаҳзаҳо бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ»- и пойтахт бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паради ҳарбӣ ҷараён дорад, ки боҳашаматтарин паради ҳарбӣ дар таърихи Тоҷикистон мебошад.

Дар ин паради ҳарбӣ тақрибан 16 ҳазор хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа, сохторҳои қудратӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок доранд.

Маврид ба зикр аст, ки дар маҷмӯъ, дар чорабиниҳои идона бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолият 25 ҳазор сарбозони ҷузъу томҳои гуногуни кишвар иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамчунин 9 сентябр аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Исмоили Сомонӣ парад-марафон гузаронида мешавад, ки дар он 52 ҳазор нафар донишҷӯёни макотиби олӣ, мактаббачагон ва кормандони муассисаҳои давлатии кишвар ширкат меварзанд.

Манбаъ: http://khovar.tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

ПОГИБ ЛЕГЕНДА БАСКЕТБОЛА — КОБИ БРАЙАНТ

Полиция Лос-Анджелеса сделала официальное заявление после трагической смерти легенды «Лейкерс» Кобе Брайанта в результате крушения вертолета. Пожарная охрана Лос-Анджелеса закрыла место происшествия. Тип вертолета Sikorsky s76 был ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: