Нойери 38 сола метавонад ба ҳайати тими миллии Олмон баргардад

0
789 просмотров

Дарвозабони дастаи “Бавария” Мануэл Нойер метавонад ба тими миллии Олмон барои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 баргардад.

Ба навиштаи Bild, ситоди мураббиёни тими миллии Олмон имкони бозгашти бозигари 38-соларо баррасӣ мекунанд.

Ба гуфтаи манбаъ, бозгашти эҳтимолии Нойер аз шакли бозии дарвозабони “Барселона” Марк-Андре тер Штеген бастагӣ дорад. Агар дарвозабони “Барселона” пас аз захмдор шуданаш дар Ҷоми ҷаҳонии футбол ба намуди олӣ наояд, эҳтимоли даъвати Мануэл вуҷуд дорад.

Ёдовар мешавем, ки Нойер соли 2024 аз анҷоми корномааш аз ҳайати тими мунтахаби Олмон эълон карда буд.

Манбаъ: Варзиш-Тв

Нет комментариев

Также рекомендуем

Cоатҳои доноӣ Cubi барои кӯдакон

Cubi — аз ҳама лоиҳаи нав дар категорияи «Соатҳои доно», ки кӯмаки истифодабарандагонро бо дастгирии Kickstarter ҷустуҷӯ дорад. Ягона соате, ки  барои кӯдакон нигаронида шудааст. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: