Нисбат ба шаш нафар корманди мақомоти гумрук парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст

0
2 263 просмотров

Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар шаш моҳи соли равон 33 нафар корманди ин мақомот ба ҷазои интизомӣ кашида шуда,  се нафар сарзаниш,  6 нафар танбеҳ, 18 нафар танбеҳи қатъӣ гирифта, инчунин шаш нафар  аз кор дар мақомоти гумрук  рухсат шуданд.

Сардори Хадамоти  гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода  бо натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон  дар шаш моҳи соли равон  дар ҷамъи намояндагони расонаҳои хабарии дохилӣ ва хориҷӣ гуфт, ки дар ин давра се парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шаш нафар корманди мақомоти гумрук оғоз карда шуд.

Аз ин  ду ҳолат аз ҷониби мақомоти гумрук ошкор гардида,  барои тафтиш ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи ҷумҳурӣ ирсол карда шудааст.

Сабабҳои ба ҷиноят даст задани бархе аз кормандони мақомоти гумруки мамлакатро Хуршед Каримзода ба сохтакории ҳуҷҷатҳо, мусоидат ба қочоқи мол,  иваз кардани  ҳуҷҷатҳои молҳои воридотии арзон ба молҳои гаронарзиш ва саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ арзёбӣ намуд. Мавсуф ҳамзамон афзуд, ки дар мақомоти гумрук барои ошкор кардани қонуншиканиҳо пайваста мубориза бурда мешавад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дунёи афсона дар майдони «Истиқлол»-и Душанбе сокинону меҳмононро интизор аст

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар паҳлӯи муҷассамаи Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол»-и майдони «Истиқлол»-и пойтахт арчаи солинавӣ гузошта шуд. Арчаи солинавӣ 30 ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: