7 сол пеш қариб тамоми дархостҳо барои берунории интернет-сомонаҳо ба компютерҳои руйимизӣ ё ноутбукҳо ворид мешуданд, дар ҳоле, ки ба ҳиссаи дастгоҳи мобилӣ ҳамагӣ якчанд фоизи ин гуна дархостҳо рост меомаду халос. Моҳи октябри соли 2016-ум берунории «мобилӣ» дар ҷаҳон нахустин маротиба нисбат ба берунорӣ аз «компютерҳо» зиёд шудааст.
Дар тадқиқоти StatCounter Global Stats дар давоми моҳи октябр чунин натиҷагирӣ карда шуд: 51,3% истифодабарии интернет ба ҳиссаи дастгоҳҳои мобилӣ рост омад, 48,7% бошад, ба ҳиссаи компютерҳои рӯйимизӣ.
Бо вуҷуди рушд ёфтани бозори интернет, ИМА ва Бритонёи Кабир аз тренди «мобилӣ» ақиб мемонанд. Дар ин кишварҳо тавассути компютери персоналӣ 58% ва 55,6% берунории сомонаҳо амалӣ карда мешавад. Барои муқоиса, дар Ҳиндустон аллакай наздики 75 %-и истифодабарӣ аз интернет «мобилӣ» карда шудааст.
Тағйироти ҷаҳонӣ дар истифодабарии интернет маънои онро дорад, ки акнун дорандагони сомонаҳо бояд ба офаридани тафсири функтсионалии мобилӣ бо ҷиддият муносибат намоянд. Барои ин кор Google низ таблиғ одамонро менамяд, ки ҳанӯз соли гузашта пешниҳоди сомонаҳои тавассути дастгоҳҳои мобилӣ барои тамошо кардан фаъол набударо кам карда буд.
Сарчашма: StatCounter
Чорабиниҳо ба ифтихори 27–солагии Истиқлолияти давлатӣ
9 сентябри соли 2018 дар қаламрави вилоят 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 9 августи ...


Нет комментариев