Нақшаи навсозии роҳҳо дар Истаравшан ба иҷро расид

0
3 664 просмотров

Дар доираи Барномаи вилояти «Соли 2015 – идомаи соли роҳҳои обод» дар шаҳри Истаравшан 240 км роҳҳои ҳудуди шаҳр таъмир шудааст.

Чуноне аз мақомоти маҳаллӣ дар шаҳри Истаравшан хабар доданд, нақшаи навсозии роҳҳо дар ин шаҳр ба андозаи 103,2 фоиз таъмин шудааст. Ҳамин тариқ соли равон ба роҳсозони ин шаҳри бостонӣ имкон даст дод, ки 9,4 км роҳро пурра ва 140 километрро таъмири ҷорӣ намоянд. Дарозии роҳҳои шағалпӯшшуда ба бештар аз 90 км мерасад.

Барои таъмири 240 км роҳҳои Истаравшан аз ҳамаи сарчашмаҳо 4 миллиону 859,9 ҳазор сомонӣ маблағ масраф шудааст. Дар ин бора  sugd.tj хабар медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Состояние 2,5 тыс. богачей составляет $7,7 трлн

Совокупное состояние 2,5 тыс. миллиардеров, превышающее $7,7 трлн, сравнимо с внутренним валовым продуктом (ВВП) четырех пятых всех стран мира. Об этом заявил журналистам представитель Фонда ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: