Муваффақияти варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон-2019

0
2 224 просмотров

Аз 11 то 13 октябр  дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасону ҷавонон баргузор шуд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар чемпионати мазкур 370 нафар варзишгар аз 28 давлат- Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Беларус, Украина, Россия, Булғористон, Латвия, Литва, Венесуэла, Индонезия, Испания, Колумбия, Марокаш, Мексика, Муғулистон, Германия, Руминия, Сербия, Фаронса, Филиппин, Ҷумҳурии Доминикан ва Юнон ширкат карданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 16 нафар – 9 нафар миёни наврасон, 7 нафар миёни ҷавонон бо роҳбарии мураббӣ Садриддин Обидов дар чемпионат ширкат намуда, ба гирифтани 6 медал – 1 тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ даст ёфтанд.

Медали тиллоро Муҳаммадшариф Наҷмуддинов дар вазни -74кг миёни ҷавонон ба даст овард. Ҳамчунин Аминҷон Холов дар вазни -48кг, Сомон Сангов дар вазни -52кг ба гирифтани медалҳои нуқра мушарраф шуданд.

Миёни наврасон медалҳои биринҷиро варзишгарони мо Бузургмеҳр Исоев дар вазни -60кг, Субҳиддин Халилзода дар вазни -70кг ва Муҳаммадҷон Одинаев дар вазни -87кг ба даст оварданд.

Манбаъ:АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Саҳми Далер дар пирӯзии “Зенит”-и Россия

Дар бозии ҷавобии даври 1/16 ниҳоии мусобиқоти Лигаи Аврупо бошгоҳи футболи “Зенит”-и Россия дар шаҳри Санкт-Петербург тими «Селтик»-и Шотландияро қабул намуд. Дар ин дидор соҳибони ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: