Мутахассисони туркӣ ба Хуҷанд меоянд

2
4 025 просмотров

Барои гулзоркунии шаҳри Хуҷанд мутахассисони туркӣ ҷалб мешаванд.Дар асоси дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар кори ҷаласаи нахустини худ дар соли 2015, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба мутахассисони соҳаи ободонӣ ва кабудизоркунӣ супориш дода буд, ки барои сарсабзу гулпӯш намудани шаҳри Хуҷанд, дар ҳама мавсими сол чораҳои амалӣ андешиданд.
Ҳамчунин таъкид гардида буд, ки нақшаи тарҳу усул ва шинондани навъҳои гуногуни гулҳои ороиширо таҳия намуда аз моҳи январ корҳои омодагиро барои гулзоркуниии маркази вилоят шурӯъ намоянд.
Бо ин мақсад Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода намояндаи ширкатҳои туркии «Буюкфиданч-илик», Дурусу финдан-илик, «Асия лала» Тоҳир Саидзода, Темир Гумуш, Саваш Байрактарро қабул намуд. Намояндагони ширкати мазкур барои ҳамкорӣ дар самти гулзоркунии боғу гулгаштҳои шаҳр дар тамоми фаслҳои сол омодагии худро изҳор намуда, намунаҳои ороишии майдону боғҳои худро бо гулҳои ороишӣ ва тарҳҳои гуногун муаррифӣ намуданд.
Тибқи нақшаи омодагашта бояд Боғи фарҳангии ба номи К. Хуҷандӣ ва хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд ба  фасли баҳор бо тарҳу усули муосир гулпӯш карда шаванд. Дар ин бора  khujand.tj  хабар медиҳад.

2 comments

Добавить комментарий для Сайдулло Чураев Отменить ответ

Также рекомендуем

Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар маҷлиси ҳукумат нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: