Дар асоси дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар кори ҷаласаи нахустини худ дар соли 2015, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба мутахассисони соҳаи ободонӣ ва кабудизоркунӣ супориш дода буд, ки барои сарсабзу гулпӯш намудани шаҳри Хуҷанд, дар ҳама мавсими сол чораҳои амалӣ андешиданд.
Ҳамчунин таъкид гардида буд, ки нақшаи тарҳу усул ва шинондани навъҳои гуногуни гулҳои ороиширо таҳия намуда аз моҳи январ корҳои омодагиро барои гулзоркуниии маркази вилоят шурӯъ намоянд.
Бо ин мақсад Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода намояндаи ширкатҳои туркии «Буюкфиданч-илик», Дурусу финдан-илик, «Асия лала» Тоҳир Саидзода, Темир Гумуш, Саваш Байрактарро қабул намуд. Намояндагони ширкати мазкур барои ҳамкорӣ дар самти гулзоркунии боғу гулгаштҳои шаҳр дар тамоми фаслҳои сол омодагии худро изҳор намуда, намунаҳои ороишии майдону боғҳои худро бо гулҳои ороишӣ ва тарҳҳои гуногун муаррифӣ намуданд.
Тибқи нақшаи омодагашта бояд Боғи фарҳангии ба номи К. Хуҷандӣ ва хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд ба фасли баҳор бо тарҳу усули муосир гулпӯш карда шаванд. Дар ин бора khujand.tj хабар медиҳад.
Таджикский путешественник собирается в кругосветку
Таджикский путешественник Фарход Калонов, который четвёртый год подряд реализует проект «Мы – таджики», 1 июня отправится в одиночный автопробег вокруг земного шара. Он собирается преодолеть ...


Не нахз
хамачо гулхои турецки мешудасде хеле хуб