Мусобиқаи футболи «Ҷоми Иттиҳод-2015»

1
8 300 просмотров

kubousodruzhestva_0Дар мусобиқаи байнулмилалии футболи «Ҷоми Иттиҳод-2015», ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия доир гардид, дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-21) дар бозӣ барои ишғоли ҷойҳои 7-8-ум аз дастаи Қазоқистон бо ҳисоби 0 бар 2 шикаст хӯрда, зинаи 8-умро ишғол кард.

Қобили зикр аст, ки дар бозии даври гурӯҳии ин мусобиқа низ дастаҳои Тоҷикистону Қазоқистон бо ҳам вохӯрда, дар он бозӣ футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо гардида буданд.

Ду сол қабл низ дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа зинаи 8-ум ва соли гузашта бошад, зинаи 11-умро ишғол намуда буд.

Дар бозии финалии ин мусобиқа дастаи Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ бо ҳисоби 2 бар 1 дастаи Финландияро шикаст дода, ба Ҷоми Иттиҳод соҳиб шуд. Дар вохӯрӣ барои ҷойи сеюм дастаи Беларус бар тими Туркманистон бо ҳисоби 4 бар 0 ғолиб омада, зинаи сеюмро ишғол кард.

Дар ин бора: www.asiaplus.tj

1 comment

Опубликовать новый комментарий

Также рекомендуем

«Равшан» ва «Регар-ТадАЗ» дар даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ғолиб омаданд

Бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол-2022 миёни дастаҳои Лигаи олӣ 30 апрел ва 1 май дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор гардиданд, хабар ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: