Мунтахаби Тоҷикистон тамринҳои пеш аз бозӣ бо дастаи Уммонро анҷом дод

0
948 просмотров

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон тамринҳои қабл аз бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» бо тими миллии Уммонро доир намуд.

Машқҳои дастаи мо дар яке аз майдонҳои тамринии Академияи «Бунёдкор» сурат гирифта, як соат давом кард. Ҳама 26 бозигаре, ки дар ихтиёри сармураббӣ Петр Сегрт ҳаст, ба бозии дарпешистода омодагӣ мебинад.

Бояд гуфт, ки вохӯрии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» миёни дастаҳои Уммон ва Тоҷикистон рӯзи 14-уми июн дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Тошканд баргузор мешавад. Бозӣ соати 18:30 оғоз мегардад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

Дирӯз Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода аз вазъи кӯчаҳо, хиёбонҳои маркази шаҳр ва корҳои ободонӣ дар ин мавзеъҳо дидан кард. Нахуст гурӯҳи корӣ майдончаҳои назди бинои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: